Табиби Тиби оилавӣ баҳри гузаронидани муоинаи тиббӣ
Наименование объявления: Табиби Тиби оилавӣ баҳри гузаронидани муоинаи тиббӣ
Дата публикации: 2026-10-16 08:28:59
Крайний срок / Deadline: 2026-11-30 23:00:00
Этап: Активный
Организатор: Good Neighbors International in Tajikistan
Юр. адрес организатора: Dushanbe, G.Zavkibekova str. 34/3
Область реализации проекта: Душанбе, Хатлонская область, РРП
Отрасль: Медицина
Тип объявления: Тендер
Контактное лицо: Saodat Sangova
Контактный E-mail: [email protected]
Контактный телефон: +992778885417
Описание:
Мӯҳлати пешкаши дархост: то 30 ноябри 2026 сол.
Маълумоти касбӣ: Маълумоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ. На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос.
Макони ҷойгиршавӣ: Ваҳдат, Кӯлоб, Шаҳритус, Носири Хусрав, Рашт, Рӯдакӣ
Ҳисобот пешниҳод мешавад ба: Муовини директори ташкилот
Навъи шартнома: Шартнома барои пешкаши хизматрасонии муваққатӣ.
Шартҳои кор:
3 моҳ
дар оғози соли 2027
Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.
Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.
Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.
Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба
https://www.goodneighbors.org/who/account
нигаред.
Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад.
Фаъолиятҳои ташкилот дар доираи Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пеш бурда мешавад.
Дар доираи фаъолияти худ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки ташхиси ҳамасолаи тиббии кӯдакони сарпарастро, бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилоти Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табиби Тиби оилавӣ баҳри гузаронидани муоинаи тиббӣ
ба кор қабул мекунад.
Вазифаҳои асосӣ
:
· Гузаронидани муоинаи тиббӣ ва машварати тиббӣ ба кӯдакони сарпарасти лоиҳа.
· Гузаронидани арзёбии ибтидоии вазъи саломатӣ ва муайян намудани мушкилоти эҳтимолии саломатӣ, ки ба муоина ва ё ба ёрии минбаъдаи тиббӣ ниёз доранд.
· Мусоидат ба муайянсозии бармаҳал ва пешгирии бемориҳои маъмул дар байни кӯдакон, наврасон ва оилаҳо.
· Дар ҳолатҳои зарурати муоинаи иловагӣ, ташхис ё табобати махсус, равона намудани баҳрабардорон ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ ё табибони мутахассис.
· Мусоидат ба Лоиҳаҳои зерин дар пешбурд ва нигоҳдории дурусти ҳуҷҷатҳо ва маълумоти марбут ба саломатӣ.
· Пур намудани варақаҳои муоинаи тиббӣ, сабтҳои машваратҳои тиббӣ, варақаҳои равонакунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тиббие, ки аз ҷониби ташкилот талаб карда мешаванд.
· Пешниҳоди машварат ва маълумоти касбӣ ба гурӯҳи лоиҳа оид ба масъалаҳои марбут ба саломатӣ дар доираи вазифаҳои муайяншуда.
· Саривақт ва дақиқ нигоҳдорӣ ва навсозии ҳуҷҷатҳои лоиҳа, аз ҷумла кортҳои муоинаи тиббии кӯдакони сарпарастшаванда ва махзани маълумот (database) дар компютер.
· Пешниҳоди ҳисоботи ниҳоӣ оид ба иҷрои вазифа дар охири давраи ду моҳи фаъолият, ки маълумот дар бораи фаъолиятҳои анҷомдодашуда, натиҷаҳои асосӣ, мушкилоти ошкоршуда ва тавсияҳо барои дастгирии минбаъдаи соҳаи тандурустиро дар бар мегирад.
Талабот
ҳ
ои
асос
ии хизмат
ӣ
· Доштани маълумоти олии тиббӣ аз рӯи ихтисоси тиб, тибби умумӣ, тибби оилавӣ.
· Доштани иҷозатнома ё иҷозаи дахлдори касбӣ барои фаъолияти тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
· Таҷрибаи дахлдори корӣ дар соҳаи тибби оилавӣ, таҷрибаи умумии тиббӣ.
· Доштани ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи касбии дахлдор афзалият ҳисобида мешавад.
· Таҷрибаи кор бо кӯдакон, наврасон, оилаҳо ё дар доираи барномаҳои тиббии ҷомеа афзалияти иловагӣ мебошад.
· Доштани малакаҳои хуби муошират ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ.
· Қобилияти муносибати эҳтиромона ва касбӣ бо кӯдакон, волидон/парасторон, оилаҳои осебпазир ва аъзои ҷомеа.
· Риояи баланди меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва талаботи махфияти маълумоти тиббӣ.
· Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ. Донистани забони узбекӣ ва русӣ низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
· Дониши хуби истифодаи компютер.
· Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда.
Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors
GNT-Application-Form
(муроҷиат намоед) пуркарда ба суроғаи электронии ташкилот
[email protected]
ва
[email protected]
то санаи 31 ноябри 2026 сол ё ба суроғаи зерин:
шаҳри Душанбе, кӯчаи Гурминҷ Завқибеков 34/3
пешниҳод намоянд.
Нафароне, ки ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридора дар Душанбе, ба суроғаи дар боло зикр шуда пешниҳод намоянд.
Cуроғаи мо дар Шаҳритус: к. Каландар Хаитов, 26
дар Носири Хусрав: Сангоба
дар Кӯлоб: к. Назаров, 8
дар Рашт: Навобод
дар Рӯдакӣ: Обчакорон
Ҳ
у
ҷҷ
ат
ҳ
о
баъди санаи дар боло зикр шуда
қ
абул
карда намешаванд.
Пешниҳоди
Тавсиянома аз ҷойи кори қаблӣ низ ба назар гирифта мешавад
Маълумоти бештарро Шумо метавонед дар сомонаи мо дарёфт намоед:
www.goodneighbors.org
www.goodneighbors.tj
https://www.facebook.com/gntajikistan/
https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/
https://www.linkedin.com/company/15834558/
Apply on the Good Neighbors International in Tajikistan website
New UN jobs every morning on Telegram: @unjobshub
All open positions at Good Neighbors International in Tajikistan